Раиси ноҳияи Шуғнон номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд - акс

Азиз Гиёзода, раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон номзади Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Азиз Гиёзода - раиси ноҳияи Шуғнон, аз сӯи ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41, ҳамчун номзад ба вакилӣ пешбарӣ гардид.

Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ВМКБ, номзадии Гиёзода дар конфронси минтақавии Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон, субҳи рӯзи 13 январ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон пешбарӣ шудааст.

Собиқ раиси ВМКБ номзад ба вакилӣ дар парлумон шуд-акс

Номзадии Гиёзода Азиз аз ҳавзаи интихоботии Хоруғ № 41 ба вакилии Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст.

Бонуи миллионери Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шуд-акс