ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputniк. Ба нақл аз хабаргузории АМИТ Ховар, Парвиз Давлатзода Сафири Тоҷикистон дар Пекин дар маросими оғози намоиши ин филми тоҷикӣ гуфтааст, ки “Оинаи беҷило” роҳи вуруди филмҳои тоҷикӣ ба бозори филми Чинро боз хоҳад кард.
Филми “Оинаи беҷило” сохти коргардони тоҷик Носир Саидов мавзӯи гузашти падари як ҷавони қурбонӣ аз ҷинояти қотилро баррасӣ мекунад.
Дар ин филм ба арзишҳои фаромӯшшудаи инсонӣ ишора мешавад, ки дар рӯзгори мо камтар дида мешавад.
Ин филм, ки дар ҷашнвораи филми кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2018 дар Чиндаои Чин муваффақ ба касби ҷоиза шуда буд, нахустин филми тоҷикиест, ки дар Чин намоиш дода мешавад.
Бояд қайд кард, ки дар соли 2019 миёни Тоҷикфилм ва Раёсати давлатии кинематографияи Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расида буд.