ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Тибқи қарори Ҳукумат, қарзи "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда-1" ба андозаи 98 миллиону 472 ҳазор сомонӣ коҳиш дода мешавад. Бо ин мақсад 98 миллиону 472 ҳазор сомонӣ, "Сангтӯда-1" аз андоз қарздор аст, лағв мегардад.
Ҳукумат "Барқи тоҷик" ва Кумитаи андози Тоҷикистонро муваззаф кардааст, ки расмиёти марбут ба ҳисобаробаркуниҳоро анҷом диҳанд.
Нерӯгоҳи "Сангтӯда-1", корхонаи муштараки Русия ва Тоҷикистон буда, ҳудуди 12 дарсади барқи Тоҷикистонро тавлид мекунад ва харидори асосии маҳсулоти нерӯгоҳ "Барқи тоҷик" мебошад.
Қарзҳои корхонаҳои Тоҷикистон баробар ба ду буҷаи кишвар расид
Ба ҳолати имрӯз “Сангтӯда-1” ҳаҷми қарзи “Барқи тоҷик”-ро аз нерӯгоҳ 1 миллиарду 301 миллион сомонӣ арзёбӣ кардааст.
“Барқи тоҷик”, калонтарин ширкати қарздори Тоҷикистон мебошад, ҳаҷми қарзҳояш ба ҳолати 1 январи соли гузашта 23 миллиард сомониро ташкил медод.