Путин гуфт муноқишаҳои бузург дар Шарқи Наздик ба чӣ оварда мерасонад - навор

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар анҷоми гуфтушунидҳо бо канслери Олмон Ангела Меркел зимни нишасти хабарӣ бобати оқибатҳои муноқишаҳои бузург дар кишварҳои Шарқи Наздик ибрози андеша намуд
Sputnik

Кишвардори Русия Владимир Путин умедвор аст, ки вазъияти феълӣ дар кишварҳои Шарқи Наздик ба низои ҳарбии бузургмиқёс мубаддал намеёбад.

"Мо мебинем, ки ҷанг идома дорад, ҳарчанд ба шиддати пас ҳам бошад. Аммо ба ҳар ҳол ин амалиётҳои низомӣ мебошанд, одамон ҳалок мешаванд ... Ман бисёр мехоҳам, ки аз амалиётҳои ҳарбии бузургмиқёс ҷилавгирӣ кунем. Агар вазъият аз ҳолати феълӣ мураккабтар гардад, ин фалокат на танҳо барои кишварҳои Шарқи Наздик, балки барои тамоми ҷаҳон хоҳад шуд", -  гуфт Путин.

Ба гуфтаи ӯ, амалиётҳои ҳарбӣ метавонад селаи нави гурезаҳо ба кишварҳои Аврупоиро афзоиш диҳад.

Рӯҳонӣ расман аз раисҷумҳур ва мардуми Украина барои иштибоҳи бузург пӯзиш пурсид

"Печидатар гардидани вазъият фалокати гуманитарӣ, фалокати динӣ, фалокати иқтисодиро ба миён меорад, чун дар ин сурат талафоти ҷиддӣ ба иқтисодиёт ва энергетикаи ҷаҳонӣ  расонида мешавад", - изҳор доштаст Путин.