Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд

Истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд тайи соли 2019 ба 58 ҳазору 648,6 тонна баробар шудаст, ки дар муқоиса ба соли пешин зиёд мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Соли гузашта истеҳсоли гӯшт дар  хоҷагиҳои шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Зафаробод, Исфара, Ашт, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳ афзоиш ёфтааст, хабар додаст “Ховар” аз қавли ҳукумати Суғд.

Барои кормандони мақомоти қудратӣ ярмаркаи маҳсулоти арзон баргузор шуд

Бино ба иттилои манбаъ, дар вилоят  ҳаҷми умумии истеҳсоли моҳӣ,  аз ҷумла  моҳии пешонағафсӣ сафед 21,4 фоиз, зағорамоҳӣ  14,3 фоиз, амури сафед  10,9 фоиз, суфмоҳӣ  9,2 фоиз ва дигар намуди он   44,2 фоизро ташкил намудааст. Ҳамчунин ҳаҷми истеҳсоли шир ба 269 224,9 тонна  расида, ба миқдори 429 миллиону 919,3 ҳазор дона тухм истеҳсол гардидааст.

Зикр гардидааст, ки барои ҳавасманд намудани фаъолият дар самти истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ, истеҳсоли хӯроки чорво, моҳӣ ва паранда низ имтиёзҳои андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Аз ҷумла воридоти чорвои зотӣ ва гӯштӣ аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуд.

Манбаъ таъкид кардааст, ки дар натиҷаи имтиёзҳои ҷоринамудаи Ҳукумати мамлакат дар  вилояти Суғд ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ соҳаи муҳими истеҳсоли гӯшт ва маҳсулоти  он – чорвопарварӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ рушд меёбад.