Собиқ декан барои курсӣ дар парлумон талош хоҳад кард

Фозил Обидов, ки аз моҳи феврали соли гузашта ба ҳайси ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон кор мекунад, ҳамчун номзад аз Ҳизби ҳокими халқии демократӣ пешбарӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Созмонҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсӣ номзадии Обидов Фозил Саидовичро дар интихоботи парлумонии 1 марти соли равон ҳамчун номзад пешниҳод карданд, хабар дод ҲХДТ. Обидов дар гузашта ба ҳайси декани факултаи иқтисоду молияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият мекард.

Бонуи миллионери Тоҷикистон ба парлумон пешбарӣ шуд-акс

“Тариқи овоздиҳии пинҳонӣ Фозил Обидов номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Шоҳмансур №3 бо гирифтани  аксари овозҳои вакилон пешбарӣ гардид”, - хабар дод ҲХДТ.

Пеш аз тағйироти кадрӣ: раиси ноҳия номзад шуд

Ахиран Қодири Қосим, собиқ раиси Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон аз ҳавзаи Ванҷ, Шариф Ҳакимзода, мушовири бахши ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои кадрҳо аз ҳавзаи Кӯлоб, Солеҳа Холмаҳмадзода, ноиби раиси шаҳри Турсунзода аз ҳавзаи Турсунзода, Рустами Шоҳмурод, вазири адлия аз ҳавзаи Сино ва Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот аз ҳавзаи Ҷайҳун дар интихоботи парлумонии 1 марти 2020 пешбарӣ шудааст.