Бо навбат: пешниҳоди Президент барои хонасозӣ ба камбағалон аз пули фитру қурбонӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки манзили зисти афроди камбизоат дар навоҳӣ аз ҳисоби фитри рӯза ва қурбонӣ бо навбат таъмиру бозсозӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахираш ба шаҳри Турсунзода дар хитоб ба сокинон гуфт, аз ҳама қиматтарин ин меҳру муҳаббат ва эҳтироми инсонӣ аст, ки солҳои охир кам шудааст.

Дастури Озода Раҳмон ба раисон дар бораи садақаи фитр

“Он чизе, ки дар солҳои охир камтар коҳиш ёфтааст. Инро барқарор карданамон даркор”, - изҳор дошт Раҳмон дар мулоқоташ бо сокинони шаҳри Турсунзода.

Дидан мехоҳад: Раҳмон сабаби бо худ бурдани Рустамро дар сафарҳо гуфт

Ӯ афзуд, вақте зиндагии гуруҳе хуб аст, бояд ба ниёзмандон кумак кунанд ва пешниҳод намуд, ки дар маҳалҳо аз ҳисоби фитри рӯзаю қурбонӣ хонаю дари афроди камбизоат дуруст карда шавад.

“Хонаю дари онҳоро ҳам ба навбат бинед, зиндагияшон, ки намерасад, маслиҳат кунед дар ҳамон деҳа, дар ҳамон маҳалла чанд нафар ҳастанд. Панҷ нафар барои се сол тақсим мекунем. Фитри рӯза дорем, дар иди Қурбон қурбонӣ мекунем. Ҳамин хел ҷамъ мекунем, меравем хонаи яктояшро дуруст мекунем. Соли дигар навбати дигар”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин рукнҳои дини мубини Ислом ҳастанд ва афзуд, мо пеши роҳи садақаю хайротро нагирифтаем. Раисиҷумҳур таъкид намуд, онҳое, ки роҳу мактаб месозанд, об таъмин мекунанд, аз савоби зиёд бархӯрдор хоҳанд шуд.