Аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо донишҷӯён буданд, ки дар таътил ба аёдати хешон рафтанд

Аксари қурбониёни суқути ҳавопаймо, донишҷӯёни донишгоҳҳои Украина буданд, ки дар таътили зимистона ба аёдати пайвандони худ рафта буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шумораи бештари қурбониёни суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳронро донишҷӯён ташкил медиҳанд.

Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард

Бино ба иттилои хабаргузориҳо дар суқути маргбори ҳавопаймои Boeing 737-800,  82 нафар шаҳрвандони Эрон буданд, ки қисмати зиёди онҳоро донишҷӯён ташкил медоданд.

Гуфта мешавад, донишҷӯёни эронӣ, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд, пас аз анҷоми таътили зимистона дубора ба Украина баргаштанд.

Суқути ҳавопаймои Украина дар Теҳрон: 180 мусофир ба ҳалокат расид - видео

Зимнан, 63 нафари ҳалокшудагони ин ҳодисаро шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 шведӣ, 12 тан шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир ташкил медиҳанд.

Хурдсолтарин қурбонии ин ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ як сол доштаст.

Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Пештар раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ ба сарони Украина ва Эрон барқияи таслият ирсол карда буд.