ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Parstoday”, Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Миллали Муттаҳид ЮНЕСКО дар вокуниш ба таҳдиди Трамп мабнӣ бар ҳамла ба маконҳои таърихӣ ва фарҳангии Эрон таъкид кард, Вашингтон ба унвони узви муоҳидоти байналмиллалӣ мартбут ба ҳаросат аз мироси фарҳангии башар бояд ба худдорӣ аз осебрасондан ба маконҳои фарҳангӣ ва таърихӣ мутааҳид бошад.
Дар баёнияи ЮНЕСКО омадааст бар асоси ду конвансиони 1954 ва 1972, ки дар Конгираи Амрико ҳам ба тасвиб расида, кишварҳои узв набояд омидона иқдомоте анҷом диҳанд, ки мумкин аст ба мироси фарҳангӣ ва табиии дигар кишварҳои узв осеб бизанад.
Ёдрас мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Амрико Доналд Трам рӯзи якшанбе таҳдид кард, ки агар Эрон ба террори сардор Қосими Сулаймонӣ вокуниш нишон диҳад, Амрико 52 маркази муҳими фарҳангӣ ва таърихии Эронро ҳадафи ҳамла қарор медиҳад.
Изҳороти Трамп дар мавриди эҳтимоли ҳамла ба марокизи фарҳангии Эрон бо вокунишҳои густардае ру ба ру шуда ва ҳатто бархе муттаҳидони Вашингтон ҳам аз он интиқод кардаанд.