Интихобот-2020: пешбарии вакили Парлумон ба Парлумон

Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, аъзои Парлумони Тоҷикистон бо гирифтани райи 269 вакилон аз ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров, ҳамчун номзад барои роҳёбӣ ба Парлумон дар Интихоботи соли 2020 интихоб шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik.  Масъулони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Б. Ғафуров, Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ро минҳайси номзад ба вакилии Парлумон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи № 14 ин ноҳия муаррифӣ кардаанд.

Интихобот 2020: ба милисаҳои тоҷик мефаҳмонанд, дар раъйпурсӣ чӣ гуна рафтор кунанд

Мавлудахон Зайнӣ дар интихоботи миёндавраии моҳи апрели соли 2017 аз ҳамин ҳавзаи якмандатаии интихоботӣ бо гирифтани 72, 1 дарсад и райи интихобкунандагон аз сӯи ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аъзои Парлумон интихоб шуда буд.

Бино ба иттилоъи дарёфтӣ пешбарии инак такрории номзадии Мавлудахон Зайнӣ барои вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2020, дар зимни баргузории ҷаласаи ҲХДТ дар ноҳияи Б. Ғафуров сурат гирифтааст.

 Дар ҷаласаи ҳизбии рӯзи 6-уми январ дар маҷлисгоҳи Қасри фарҳангии ҷамоати ноҳияи Б. Ғафуров, Матлубахон Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, Мирзозода Мавлудахон Зайниро номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Бобоҷон Ғафуров №14 муаррифӣ намудааст.

 Дар кори ҷаласа аз 274 вакили иштирокдор, 269 нафар бо тарафдорӣ аз пешбарбарӣ шудани Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ ҳамчун номзад барои вакилӣ дар Парлумон овоз дода ва танҳо 5 бюллетени райдиҳӣ беэътибор дониста шудааст.

 Баъди тасдиқ гардидани пешбарии номзадияш Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ, аз вакилони ширкатдори ҷаласа барои боварию эътимодашон нисбат ба ӯ изҳори сипос намудааст. Дар сурати ба даст овардани райи интихобкунандагон Мавлудахон Зайнӣ барои панҷ соли баъд вакили Парлумон хоҳад шуд.

Интихобот дар Суғд: занони Конибодомро ба интихобот даъват карданд

Интихобот дар Хоруғ: гурӯҳи вижаи кории Ҳукумат бо аҳли зиё ва ҷавонон мулоқот кард

 Зимнан ин дувумин ҳолати пешбари шудани номзадии вакилони Парлумон барои вакилӣ дар интихоботи қарибулвуқуъ дониста мешавад. Зеро масъулони ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд низ бо баргузории як ҷаласа пешбарии номзадии Гулбаҳор Назирӣ ро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии № 13 -и Хуҷанд тасдиқ кардаанд.

Гулбаҳор Назирӣ низ ҳоло аъзои Парлумон аст ва пешбарии номзадии ӯ барои вакилӣ дар соли 2015 аз ҳамин ҳавзаи якмандатии Хуҷанд аз сӯи ҲХДТ сурат гирифта буд.

Қарор аст, Интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали моҳи марти имсол баргузор шавад.