Ҳеҷ касе наҷот наёфт: дар Эрон ҳавопаймои украинӣ суқут кард – акс аз ҷои ҳодиса

Sputnik

Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи  752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.

Суқути ҳавопаймои Украина дар Теҳрон: 180 мусофир ба ҳалокат расид - видео

Муҷтабо Холидӣ, сухангӯи Созмони уржонси Эрон дар гуфтугӯ бо ИРНА гуфт: Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.

Холидӣ афзуд: Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.

Иттилооти такмилии ин сонеҳаи ҳавоӣ пас аз арёбии комил иттилоърасонӣ хоҳад шуд.

1 / 13
Лаҳзаҳои аввал баъд аз суқути ҳавопаймои украинӣ дар наздикии Теҳрон
2 / 13
Наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса
3 / 13
Ҳавопаймои украинӣ суқут кард. 180 мусофир ба ҳалокат расид
4 / 13
Бору буғчаи мардум дар ҷои суқути ҳавопаймо
5 / 13
Макони суқути ҳавопаймо дар наздикии пойтахти Эрон
6 / 13
Пораҳои ҳавопаймои украинӣ баъд аз суқут
7 / 13
фаъолияти наҷотдиҳандагон дар ҷои ҳодиса баъд аз суқути ҳавопаймо
8 / 13
Наҷотдиҳангӯдагон дар ҷои суқути ҳавопаймои украинӣ
9 / 13
Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда дар Теҳрон
10 / 13
Ҳавопаймои украинии UIA ба шумораи 752-PS, ки бо як соат таъхир аз мақсади Теҳрон озими Киев буд, субҳи имрӯз (чоршанбе) пас аз бархостан аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р), дар ҳаволии шаҳри Паранд дар устони Теҳрон суқут кард.
11 / 13
Ҳавопаймои мусофирбарии Boeing 737 мутааллиқ ба хутути ҳавоии Украина, пас аз парвоз аз фурӯдгоҳи Имом Хумайнӣ (р) дучори нақзи фаннӣ шуд ва суқут кард.
12 / 13
Ахбори аввалия ҳокӣ аст, ин ҳавопаймо, ки озими Киев, пойтахти Украина буд, 180 мусофир ва хадама доштааст.
13 / 13
Наздикони мусофирон дар фурудгоҳи Борисполи Украина