ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 39-сола хабар додааст, ки дар тақалубкорӣ зимни хариду фурӯши хона гумонбар дониста мешавад. Шахси номбурда як хонаро қасд доштааст ба чанд нафар фурӯшад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани як амалиёт марди 39-солаи сокини шаҳри Панҷакентро, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд, бо гумони боздошт намудааст.
“Номбурда, рӯзи 11-уми июни соли 2011 бо роҳи фиреб ба боварии марди 69-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 27 ҳазору 500 доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки аз бинои истиқоматӣ, воқеъ дар кӯчаи А.Дониш хона гирифта ба ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад”, - зикр намудааст ВУД Тоҷикистон.
Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки номбурда хонаи истиқоматии мазкурро ба шахси дигар, марди 34-солаи сокини пойтахт ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ фурӯхтааст.
Тавре ВУД Тоҷикистон таъкид намудааст, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуд.
Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон нисбати шахси мазкур тафтишотро идома доранд.