Дар Тоҷикистон дар баробари афзоиши нархи манзил сохтмон низ афзоиш ёфтааст

Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон аз афзоиши қимати маскан дар ин кишвар, ҳамзамон бо рушди хонасозӣ хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Кумитаи давлатии меъморӣ ва сохтмонсозии Тоҷикистон хабар додааст, ки таи 7 соли ахир дар ин кишвар наздик ба 8 миллион метри мураббаъ манозили маскунӣ ба баҳрабардорӣ расида, ки дар ду соли ахир ин раванд бо афзоиши қимати хонаҳо ҳамроҳ будааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Дар маркази Душанбе шаҳраки нав ба истифода дода мешавад

Аз сӯи дигар, таи 28 соли истиқлоли Тоҷикистон барои сохти хона ба мардуми ин кишвар, беш аз 135 ҳазор гектар замин вогузор шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар соли 2018 қимати ҳар метри мураббаъ хонаи навсоз дар маркази шаҳри Душанбе, 626 дорлла ва дар атрофи пойтахти Тоҷикистон 350 то 400 доллар буд.

Аммо ин шохис дар соли 2019 тағйир кард ва қимати ҳар метри мураббаъ хонаи навсоз дар маркази шаҳри Душанбе ба 900 то 1000 доллар ва дар атрофи он ба 700 то 800 доллар расид.

Коршиносон мӯътақиданд, афзоиши қимати маскан дар шаҳри Душанбе ба тағйири қиматҳо дар бозори масолеҳи сохтмонӣ ва маводи ғизоии Тоҷикистон низ иртибот дорад, ки рушди 30 дарсадиро нишон медиҳад.