Ҳушдори кумитаи фавқуллода: роҳҳо боз вале хатари тармафароӣ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи тоҷикистон мегӯяд, дар роҳҳои Тоҷикистон ҳамоно хатари фаромадани тарма ва лағжиши сангу кӯҳпораҳо мавҷуд аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Феълан роҳҳои мошингузар комилан аз барфу тарма тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт тариқи ин роҳҳо боз аст, хабар медиҳад агентии ТоҷикТа.

Ҳушдори ҳавошиносон аз фаромадани тарма

Қаблан Роҳи мошинингузари Душанбе - Хуҷанд бинобар фаромадани тарма масдуд будf? ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиётӣ қатъ гардида буд.

Дар ҳамин ҳол? Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки агар роҳҳои мошингузар аз тарма ва барф тоза карда шуда, барои рафтуомади мошинҳо омода мебошанд, вале хатари фаромадани тарма ва резиши сангу кӯҳпораҳо мавҷуд аст.

Фаромадани нахустин тарма дар соли 2020 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Манбаъ меафзояд, феълан дар нуқтаҳои муайяни роҳҳои Тоҷикистон гурӯҳҳои наҷотбахшон дар ҳолати омодабош қарор доранд. 

Кумитаи мазкур бинобар хатари мавҷуда дар роҳҳои Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват мекунад, ки  бидуни зарурат аз сафар ба минтақаҳое, ки роҳашон хатарнок аст, худдорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки 2 - юми январ ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингузари Душанбе - Хуҷанд бинобар фаромадани тарма баста буд.