ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Прокуратураи генералӣ изҳор намудаст, ки тафтишоти парванда дар қиболи Гулнора Каримова духтари Ислом Каримов нахуст раисҷумҳури Узбакистон ба анҷом расонд ва онро ба додгоҳ ирсол намудаст.
Вале прокуратура мушаххасан нагуфт, ки гап сари кадом парванда меравад. Танҳо маълум аст, ки парвандаи номаълум дар дасти додгоҳ аст ва интизор меравад дар ояндаи наздик суд қарори худро мебарорад.
Ҳукми зиндони Гулнора Каримова бори дигар тамдид шуд
Қаблан Прокуратураи генералии Узбакистон тафтишоти боз як парвандаи ҷиноятӣ нисбати духтари калонии президенти нахустини ин кишвар Гулнора Каримоваро ба анҷом расонида буд.
Тибқи хулосаи тафтишот, Каримова ба ҷузъ аз даст доштан дар чанд ҷинояткориҳои мутташакил, ки феълан аз рӯи онҳо адои ҷазои ҷиноӣ дорад, инчунин дар ҳамкорӣ бо як созмони дигари ҷиноятӣ низ муттаҳам дониста мешавадт.
Гуфта мешавад, бо мудохилаи ин созмони ҷиноятӣ, ширкатҳои саноатии Узбакистон ба Гулнора аз даромадҳои ғайриқонунии худ ҳисса месупориданд.
"Ба ҷузъ ин, Каримова тавассути фишороварӣ ва тарсу ҳарос додани шаҳрвандон ва соҳибони ширкатҳои гуногун, онҳоро маҷбур мекард, то амволи худро дар созмони таҳти назорати ӯ сабт кунанд. Зарари амалҳои ғайриқонунӣ беш аз 165 миллион доллари амрикоӣ ва 85 миллиард сумро ташкил медиҳад", - гуфта мешавад дар хабар.
Қаблан духтари Гулнора Каримов Имон Каримова дар сафҳаи Instagram хабари тамдид шудани муҳлати ҷазои модарашро нашр намуда буд.
"Тими мо ба далели афзоиши суолҳои шаҳрвандон ва рӯзноманигорон нашри маълумоти комилро дар бораи ангезаҳои сиёсии парвандаи зидди Гулнора Каримова оғоз мекунад", — навиштааст набераи президенти нахустини Узбакистон 3 декабр дар Instagram.
Ба гуфтаи ӯ, ҳадафи асосии тафтишот айбдор кардани Гулнора Каримова дар тамоми мушкилот, нокомиҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Узбакистон аст.