Нурмуҳаммадзода дар Тоҷикистон бонки ҷадидро ифтитоҳ кард ва ба роҳбарияти он супориш дод

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон бонки ҷадидро ифтитоҳ кард ва ба Абдулло Қурбонов роҳбари ин бонк дастуру супориш дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз таъсиси бонке нав дар кишвар хабар дод.

Таъсиси бонки ҷадид дар Тоҷикистон ва тақозои Нурмуҳаммадзода аз он

Бар хабари котиботи Бонки миллии Тоҷикистон, ин бонки нав бар асоси тарҳи Муассисаи молӣ ва эътибории мавсум ба Алифсармоя иҷозатномаи фаъолият дарёфт кардааст.

Ин муассиса аз соли 2014 дар Тоҷикистон фаъолият мекард ва акнун бо дарёфти иҷозатнома ба унвони бонк ба муштариён хадамоти бонкӣ ироа хоҳад кард.

Шикваи зани 75-сола аз “Агроинвестбонк”: на 2000 долларамро медиҳанду на фоизашро

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода раиси Бонки миллии Тоҷикистон эълом кардааст, ки бонки нави Алифбонк аз ҳаққи анҷоми муомилоти бонкӣ бо сомонӣ ва арзҳои хориҷӣ бархурдор хоҳад шуд.

Вай ба Абдуллоҳ Қурбонов раиси бонки нави Алифбонк дастур додааст, ки барои ифтитоҳи шуъбаҳои ин бонк дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон иқдом кунад.