ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Султонзода бо нашри як мақола дар сомонаи Ожонси зидди фасод, изҳор доштааст, ки коррупсия таърихи хело ҳам қадима дошта, дар ҳар давру замон садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, оромиву суботро халалдор менамояд ва аз ин зуҳурот боварии мардум ба мақомоти давлатӣ коста мегардад.
Ӯ бо такя ба пешниҳоди СММ афзудааст, ки “Коррупсия - суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ барои гирифтани фоида ба мақсадҳои шахсӣ аст”.
Ба навиштаи генерал Султонзода, дар натиҷаи омилҳои коррупсионӣ иқтисодиёти ниҳонӣ вусъат ёфта, қисми даромаднокии буҷет аз ҳисоби кам ворид гардидани андозҳо коҳиш меёбад, ки ин бинобар иҷро нагардидани уҳдадориҳои буҷавӣ ба тезутунд гаштани проблемаҳои иҷтимоӣ оварда мерасонад.
“Ба замми ин, самаранокии фаъолияти иқтисодиёт ва вайроншавии механизмҳои бозоргониро ба амал оварда, рақобати солимро аз байн мебарад ва ба пайдошавии тамоюлҳои инҳисорӣ (монополӣ) мусоидат менамояд”, - изҳор доштаст ӯ.
Султонзода тавзеҳ дод, ки мақомоти олуда ба коррупсия ба ҷинояткории муташаккил мусоидат намуда, ба ин васила ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада шароит фароҳам меоварад: “Дар шуури ҷамъиятӣ тасаввурот дар бораи беҳимоягии шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ташаккул ёфта, оқибат ба косташавии минбаъдаи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ оварда мерасонад”.
Пешниҳоди ахбори носаҳеҳ ба Президент: эроди Раҳмон аз ёвар, Ятимов ва додситони кул-видео
Ӯ бо зикри иқдоми Тоҷикистон алайҳи фасодкорӣ таъкид намудааст, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, коррупсия робитаи миёни ҳукумат ва мардумро ногувор месозад ва ҳатто маънавиёт ва бовар ба арзишҳоро аз ҷомеа мерабояд.
“Аз ин рӯ, мубориза бо фасод набояд кори сирфан як мақоми хос ва алоҳида бошад. Коррупсия зиндагии солиму амн дар ҷомеаро халалдор намуда, давлатдориро, ки олитарин навъи мавҷудияти як миллат аст, ба хатар меандозад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем”, - зарур хондаст генерал Султонзода.