ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон деҳқони асил Ҳоҷӣ Камолро солҳо мешинохт ва рӯзи ҷумъа дар доираи сафараш ба шаҳри Турсунзода ҳамроҳи Рустами Эмомалӣ ба хонаи марҳум рафта, дуову фотиҳа хонданд.
Ҳоҷӣ Камол Мадумаров, яке аз шинохтатарин ангурпарварони кишвар, раиси хоҷагии деҳқонии “Боғи Сомон” буд, ки аввали моҳи октябри соли 2019 дар синни 80-солагӣ даргузашт.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон соли 2008 ташкил ёфта, айни замон 1102 нафар саҳмдор дорад.
Дар 0,50 гектар замини хоҷагии деҳқонии "Боғи Сомон" дар моҳи январ хосили ангур бо усули нигоҳдории табиӣ дар шохаҳои токзор мавҷуд аст, ки аз фаъолияти босамари аҳли заҳмат башорат медиҳад.
Андӯҳи Эмомалӣ Раҳмон аз даргузашти деҳқони шинохтаи кишвар Камол Мадумаров
Ҳоло хоҷагӣ дар анборҳо 1 ҳазор тонна ангур захира карда, дар маҷмӯъ имконият дорад, ки то 2 ҳазор тонна маҳсулотро дар сардхонаҳо захира намуда, бо назардошти талабот дар дигар фаслҳои сол онро ба бозорҳои мамлакат барорад, хабар додаст котиботи раисиҷумҳур.