ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, қурби миёнаи фурӯши 1 рубли русӣ дар бозори нақди кишвар аз 0.1556 то 0.1585 сомониро ташкил медиҳад.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 9.6910 то 9.7000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 10.8820 то 10.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Ин ниҳод имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6910 сомонӣ, 1 евро – 10. 8820 сомонӣ, 1 рубли русӣ — 0.1566 сомонӣ.
Нуралиев гуфт, чаро бонкҳои Тоҷикистон замони буҳрон нотавон шуданд
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".