"Ин фикри бад аст": Трамп Эронро дар ҳуҷум ба сафорати ИМА дар Ироқ муттаҳам кард

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Эронро дар ташкили ҳамла ба сафорати ин кишвар дар Ироқ? муттаҳам мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Зимни баромад дар остонаи Соли нав дар назди рӯзноманигорон Доналд Трамп гуфт, намехоҳад бо Эрон ҷанг кунад, дар сурате, ки маҳз ҳамин кишвар дар ҳамла ба сафорати ИМА дар Ироқ муттаҳиам мешавад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 31 декабр дар назди бинои сафорати ИМА дар Бағдод ҳазорон ҷамъ омаданд, ки аз рейдҳои низомиёни амрикоӣ изҳори норозигӣ мекарданд.

Трамп бидуни огоҳӣ озими Афғонистон шуд

Зарба ба ҷои захмин: Туркия ба таҳримҳои ИМА чӣ гуна посух хоҳад дод

Тазоҳургарон ба дохили ҳавлии сафорат даромаданд ва кормандон дарҳол ба ҷойи бехавф кӯчонида шуданд. 

"Таҳримҳои шадиди ИМА": чаро мо аз онҳо натарсем

Вашингтон дар ин ҳамла Эронро муттаҳам кард. Эрон ин айбдориҳоро беасос хонда ва рад мекунад.

"Фикр намекунам, ки ин барои Эрон хуб бошад. Чунин сурат гирифтани корро пешбинӣ намекунам", - гуфт Трамп дар посух ба суоли эҳтимоли ҷанг миёни ИМА ва Эрон.