Се китоби доктор Холиқӣ бо ҳузури муовини сафири Тоҷикистон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Се китоби доктор Ҷалоли Холиқӣ бо ҳузури муовини сафири Тоҷикистон дар пойтахти Эрон рунаомӣ мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, се китоби "Ҷои пои солҳо" (маҷмуа мақолаҳо), "Оҳуи куҳӣ дар дашт"(маҷмуа рубоиёт) ва "Достони зол ва Рудоба" ( тарҳе барои филмнома) аз устод Ҷалоли Холиқии Мутлақ бо талоши интишороти Ҳамеша мунташир шудааст.

Китоби Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Дар ин маросим, ки чаҳоршанбе 11 дей соати 16:30 дар маҳали бунёди мавқуфоти Афшор баргузор мешавад доктор Ҷалоли Холиқии Мутлақ , доктор Алиашрафи Содиқӣ, доктор Алии Баҳромиён, Маҳнози Муқаддасӣ ва Ҳумани Аббоспур суханронӣ хоҳанд кард. 

“Тоҷикон” – и Бобоҷон Ғафуров дар Бадахшони Афғонистон рӯнамоӣ шуд

Ҳамчунин пайёми Низомиддин Зоҳид сафири Тоҷикистон дар Эрон низ қироат хоҳад шуд ва дар поёни маросим низ ҷашни имзо баргузор мешавда.

Ин маросим бо ҳамкории бунёди мавқуфоти Афшор ва интишороти Ҳамеша баргузор мешавад.