Эълони беҳтаринҳои футбол дар Хатлон

Қурбон Ҳакимзода, раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, футболро дорои қудрати бузурги созанда дар арсаи байналмилалӣ хонда, ба беҳтаринҳои ин бахши варзиш дар вилоят ҷоиза дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи ҳукумати Хатлон, дар бахши “Футболбози беҳтарини то 13-сола” Нормуродов Равшанбек, аз дастаи футболи “Бешкент”-и ноҳияи Носири Хусрав, “Футболбози беҳтарини то 14-сола”  Ҳусейни Абдураҳмон, аз дастаи “Дӯстӣ”-и ноҳия Ҷайҳун, “Футболбози беҳтарини то 15-сола” Розиқов Миқдор, аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб дониста шуданд.

Аз ваъдаҳои динию дунявӣ то ҳушёрӣ: суҳбати раиси Хатлон дар бораи ифротгароӣ

Унвони “Футболбози беҳтарини то 17-сола” Амирҷони Фаррухзод, аз дастаи футболи “Равшан”-и шаҳри Кӯлоб, “Мураббии беҳтарини кӯдакону наврасони вилояти Хатлон” Шоҳғиёсов Ҷаҳваршоҳ, “Футболбози беҳтарини ҷавон” Назарзода Сафиоллоҳ, аз дастаи футболи  “Хатлон”-и   шаҳри Бохтар ва “Мураббии беҳтарини ҷавонон”-ро Ортиқов Камолҷон, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар гирифтанд.

Дар идома исми беҳтарин бонувони футболбозро муайян намуданд, ки дар номинатсияи “Беҳтарин бозингари бонувони то 15-солаи вилояти Хатлон” Кучкинова Дилафрӯз, аз дастаи ”Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, “Футболбоздухтари беҳтарини сол” Лайло Ҳалимова, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар, “Мураббии беҳтарини футболи бонувон” мураббӣ - Гадоев Ашӯр, аз дастаи “Хатлон”-и шаҳри Бохтар ва “Довари беҳтарини сол дар вилояти Хатлон” Воҳидов Наврӯз аз ноҳияи Вахш эълон гардиданд.

"Ташаккур" - миннатдории “Бавария” ба тоҷикистониён бо забони тоҷикӣ-акс

Котиботи ҳукумати Хатлон зикр намуд, ки дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон дар мавсими имсола 12 даста ширкат варзида, миёни ҳам рақобат намуданд. Дар ин маросим беҳтаринҳои Лигаи дуюм муайян гардиданд, ки инҳо дар номинатсияи “Дарвозабони беҳтарини сол” Муродов Миралӣ, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Муҳофизатгари беҳтарини сол” Саъдуллоев Нушервон, аз дастаи “Арал”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, “Ниммуҳофизатгари беҳтарини сол” Сайдалии Сафаралӣ, аз дастаи футболи “Ҳосилот”-и ноҳияи Фархор, “Ҳамлагари беҳтарини сол” Беков Манучеҳр, аз дастаи футболи “Сарҳадчӣ”-и ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, “Нишонзани беҳтарини сол” Саймуртазоев Саймуҳиддин, аз дастаи футболи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён, “Мураббии беҳтарини сол” Боев Сиёвуш, аз  дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон, “Футболбози беҳтарини лигаи якуми вилояти Хатлон” Мадуллоев Муҳсин, аз дастаи футболи “Файзканд”-и ноҳияи Восеъ ва “Футболбози беҳтарини сол” Ҳалимов Баҳровар аз дастаи футболи “Моҳир”-и  ноҳияи Ёвон дониста шуданд.

ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2019-ро эълон кард

Дар охир ба дастаи “Арал”-и ноҳияи Абудураҳмони Ҷомӣ Ҷом ва медалҳои биринҷӣ ва ба бозигарони дастаи “Кӯшон”-и ноҳияи Кӯшониён Ҷом ва медалҳои нуқра тақдим карда шуд. Футболбозони тими “Моҳир”-и ноҳияи Ёвон, ки барандаи Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи дуюми вилояти Хатлон гардиданд, аз тарафи раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода бо Ҷом ва медалҳои тилло сарфароз гардонида шуданд.