Натиҷаи сӯхтор дар ошхонаҳои "Сафо", "Сомониён", "Наврӯз" – навор

Сӯхтори шаби 30-юми декабр дар маҳалли бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ошхонаҳои машҳури "Сафо" - собиқ “Ҳоҷиён”, "Сомониён", "Наврӯз" ва як манзили истиқоматиро хароб кардааст
Sputnik

Дар наврои хабаргузории “Авеста” дида мешавад, ки сӯхторе, ки шаби 30 декабр дар ошхонаҳои "Сафо", "Сомониён", "Наврӯз" сар задааст, онҳоро комилан хароб кардааст.

Сӯхтори “Ҳоҷиён” ва 2 ошхонаи дигар дар Душанбе: нақли шоҳидону шарҳи мақомот-аксҳо

Ба гуфтаи бархе аз шоҳидони ҳодиса ошхонаҳои ба коми оташрафта “Сафо” (“Ҳоҷиён”-и қаблӣ), “Сомониён” ва “Наврӯз”буданд ва сӯхтор як соат идома кардааст.

Ошхонаҳо хисороти ҷиддӣ дида, комилан тахриб шуданд. Бояд гуфт, ки яке аз манзилҳои истиқоматӣ низ дар қафои ошхона аз сӯхтор зарар дидааст.

То ҳол сабабҳои сӯхтор маълум нест ва низ эълон нашудааст, ки оташсӯзӣ аз кадом яке аз ин ошхонаҳо оғоз шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон мегӯяд, ки комиссияи махсус сабабҳои оташсӯзӣ ва ҳаҷми хисоротро маълум мекунад.

Бояд қайд кард, ки ин ошхонаҳо дар яке аз маҳаллаҳои пуриздиҳоми атрофи бозори "Саховат" ҷойгир мебошанд.