Баҳси иқтисоди рақамӣ, андоз, таъмини мардум бо кор ва нақшаи Ҳукумат дар соли 2020

Дар ҷаласаи Ҳукумат, таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон масоили рушди иқтисоду таъмини мардум бо ҷойи кор дар солҳои оянда мавриди баррасӣ қарор гирифт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз лоиҳаҳои Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон, Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020-2025, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Аз 1 январ: ҳаҷми ҷаримаю боҷ ва кумакпулиҳо дар Тоҷикистон зиёд мешавад

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти вазорату идораҳо дастур дод, ки барои татбиқи саривақтиву босифати барномаву стратегияҳо ва супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Манбаъ афзуд, ки дар маҷлиси Ҳукумат инчунин нақшаи корӣ барои нимсолаи якуми соли 2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 18 чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ барномарезӣ шудаст.

“Ба нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорату идораҳо ва воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 36 масъала ва 18 банди чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ пешниҳод гардидааст”, - омадааст дар иттилоия.

“Қасдан андоз намесупоранд”: мақомоти қудратӣ даст ба кор мешаванд

Манбаъ афзуд, баъди баррасӣ нақшаи кори Ҳукумат қабул гардид ва қарор қарда шуд, ки роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ҷиҳати омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Қарори нави Ҳукумат дар бораи гумрук: аз пуркунии буҷа то номгузории Раҳмон ба порахӯрҳо

Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба масъалаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ дар соли 2019, вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, кабудизоркунӣ, сабзу хуррамгардонии муҳити зист ва расонидани кӯмакҳои моддӣ ба ятимону маъюбон ҷалб кардаст.