Шокӣ шудам! Аловатов ҳақиқати истеъфояш аз оркестри дастгоҳи Президентро гуфт

Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик, барандаи шоҳҷоизаи Central Asia's Got Talent бо нашри як изҳорот гуфт, аз хабари рӯзҳои охир атрофи рафтанаш аз кор дар Оркестри симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳури Тоҷикистон, шокӣ шудасту қазияро шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Аловатов мегӯяд, аз хабарҳои таҳрифшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҳолати шок қарор дораду мехоҳад ба масъалаи рафтанаш аз кор дар Оркестри симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳур рӯшанӣ андозад.

"Кумак ба беморон": Аловатов гуфт, ҷоизаашро барои чӣ коре ҳазина мекунад

“Ман воқеан дар Орекстри симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳур кор мекардам ва воқеан ба далели корҳои шахсиям натавонистам дар консертҳо иштирок кунам. Ин то озмун буд ва ба он  ҳеч рабте надорад”, - изҳор доштааст Аловатов.

Ӯ афзудааст, ки моҳи август ба рухсатии меҳнатӣ баромада, барои давраи баъдӣ ихтиёран аризаи аз кор рафтанро ироа кардааст, аммо бо ҳайати ҳамкорон муносиботи хубро ҳифз кардааст.

“Ҳанӯз то пирӯзӣ дар озмун маро дубора даъват карданд, аммо ман рад кардам, чун иштирок дар озмун талошу тамрини зиёд металабад ва ман мехостам, бештар машқ кунам. Бо ин қисса тамом”, - изҳор доштааст овозхон.

Аловатов гуфтааст, хеле маҳзун аст, ки пирӯзияшро барои ҷудоандозӣ истифода кардаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки фарҳанг бояд муттаҳид кунад ва аз он изҳори хурсандӣ кардааст, то ҷое дар ин самт муваффақ шудааст. Вай илова намудааст, ки агар дар оянда низ чунин як озмуне шавад, ҳатман Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳад кард.

Чоршанбе Аловатов ахиран дар озмуни истеъдодҳои Осиёи Миёна, Central Asia's Got Talent дар Қазоқистон пирӯз гардида, соҳиби шоҳҷоизаи 26 ҳазор долларӣ гардид.