Саломатӣ хуб набуд: Убайдуллоев баъди 1 моҳ ҷоизаи 30 ҳазордоллариро ба Ғоиб расонд

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳафтаи равон дар ҷаласаи якҷояи ду палатаи парлумон ҷоизаи адабии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба номи Чингиз Айтматовро ба шоири тоҷик Муҳаммад Ғоиб супорид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Ҷоизаи мазкур, ки маблағаш 30 ҳазор доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, бо пешниҳоди ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Убайдуллоев  соли равон ба Муҳаммад Ғоиб сазовор дониста шуд.

Ҷоизаи 30 ҳазор долларӣ ба шоири тоҷик дода шуд: таърифи Убайдуллоев

Ҷоизасупорӣ дар доираи ҷаласаи 50-уми Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки рӯзҳои 21 ва 22 ноябр дар Санкт-Петербург гузашт, баргузор гардид, аммо шахсан Муҳаммад Ғоиб дар он иштирок надошт.

Убайдуллоев дар шарҳи ҳузур надоштани Муҳаммад Ғоиб дар маросими ҷоизасупорӣ дар Қасри Таврическийи Петербург изҳор дошт, ки мутаассифона шоири тоҷик ба далели вазъи саломатӣ натавонист дар маросим иштирок кунад. Раиси Маҷлиси миллӣ афзуд, ки аз номи Муҳаммад Ғоиб ҷоизаро қабул карду сипосашро ба Ассамблея ва раёсати парлумони Қирғизистон расондааст.

Сипас Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҳузури вакилони парлумони Тоҷикистон ба Муҳаммад Ғоиб ҷоизаро супурда, тансиҳатӣ ва муваффақиятҳои  эҷодӣ таманно кард.