Нимҳимоятгари "Барселона" тарки даста кард

Ниммуҳофизатгари испании бошгоҳи «Барселона» - Карлес Аленя ба таври иҷора ба дастаи «Реал Бетис» гузариш кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputniк. Карлес Аленя - ниммуҳофизатгари испании бошгоҳи «Барселона» - Карлес Аленя ба таври иҷора ба дастаи «Реал Бетис» гузашт.

Бошгоҳи шаҳри Севиля бозигари 21 соларо то тобистони соли 2020 ба иҷора гирифт, менависад Варзиш ТВ.

Ин мавсим Карлес Аленя дар панҷ бозии “нилунориҳо” ширкат намудааст.

Бахти баланд: Криштиану Роналду ба футболбози тоҷик соядаст дод

ФФТ беҳтаринҳои футболи Тоҷикистон дар соли 2019-ро эълон кард

Карлес дастпарвари Ла Масия буда, аз соли 2015 то имрӯз дар ҳайатҳои «Барселона Б» ва «Барселона» ҳунарнамоӣ мекард.

Пештар хабар дода шуд, ки сафдари бразилии бошгоҳи "ПСЖ" Неймар нисбати “Барселона” барои пардохт накардани маблағи шартномаи тарафайн ба додгоҳ шикоят бурдааст.

Дар чор соле, ки футболбоз пироҳани "Барселона"-ро ба тан дошт, маблағи имтиёзии ӯ ба 3,5 млн евро расидааст.

Неймар мухлисро мушт зад: пас аз шикаст аз тими "Ренн"-видео

Аммо даста ин миқдор маблағро ба футболбоз пардохт накардааст. Ҳамлавари "ПСЖ" мақсад дорад, ки ҳақ ба ҳақдор расад.