Вазири фарҳанг ва сафири Урупо ба кӯдакони Варзоб туҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд

Дар Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб ҳамарӯза то 40 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва баъзан тибқи эҳтиёҷоти вазъи саломатӣ то 10-сола, ки аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд, дар машғулиятҳои тавонбахшӣ иштирок менамоянд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Рӯзи 27 декабр, вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва сафири Иттиҳоди Урупо дар Тоҷикистон Мэрилин Йозефсон ба Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб рафта тарбиятгирандагони ин муассисаро аёдат намуданд ва ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим карданд.

Бино ба гузориши Вазорати фарҳанг, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода ва хонум Мэрилин Йозефсон тарбиятгирандагони ин муаасисаро бо Соли Нави мелодии 2020 табрик гуфта, бо таманнои саломатӣ ва хушбахтӣ ба онҳо халтачаҳои рамзии солинавӣ ҳадя намудаанд.

Шоми 31 декабр дар майдони “Дӯстӣ” барномаи рангоранги солинавӣ баргузор мешавад

Раҳмон барои сайру гашт ба кӯдакони ношунаво ду автобус тақдим кард

Дар Маҷмааи таълимии таҷрибавии кори иҷтимоӣ ва инноватсияҳои ноҳияи Варзоб ҳамарӯза то 40 нафар кӯдакони синни томактабӣ ва баъзан тибқи эҳтиёҷоти вазъи саломатӣ то 10-сола, ки аз тамоми ҷумҳурӣ мебошанд, дар машғулиятҳои тавонбахшӣ иштирок менамоянд.

Баъди гирифтани маълумотномаи муассиса онҳо таҳсилро дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз менамоянд.

Боиси зикр аст, ки дар оғози моҳи декабр аз ҷониби Вазорати фарҳанг ба тарбиятгирандагони ин муассиса 1500 нусха адабиёти бадеӣ тақдим гардида буд.