Пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Город Душанбе, архивное фото
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 18 дараҷа гарм мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10-15 дараҷа хунук ва рӯзона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа  гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 24-29 ва рӯзона  10-15 дараҷа хунук мешавад.

Здание правительства Республики Таджикистан в Душанбе
Оё шаби Соли нав дар Тоҷикистон барф меборад?

Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Шамол  аз  самти шарқ бо суръати 3-8 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук  ва   рӯзона   3+8 дараҷа гарм мешавад, менависад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ  бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ   шудааст. Шамол аз самти  шарқ  бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 ва дар баъзе ноҳияҳо то 10-12  дараҷа хунук ва  рӯзона 4+9 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад. Шамол аз самти  шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво шабона 0+2 ва  рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.