Тоҷикистониҳо миёни қурбониёни суқути ҳавопаймои “Бек Эйр” нестанд

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки миёни қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон атбои тоҷик нестанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Миёни ҳалокшудаҳо ва маҷруҳон, ки суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон барҷой гузошт, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд, хабар додаст ТоҷикТА бо такя ба мақомоти умури хориҷии Тоҷикистон.

Ҳалокати раҳбари Шӯрои генералҳои Қазоқистон дар суқути ҳавопаймо

Қаблан хабар дода шуд, ки сарнишинҳои ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Қазоқистон, Украина, Чин ва Қирғизистон будаанд.

Ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки дар масири Алмато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз дошт, аз назари дастгоҳҳо нопадид гашт. Фурудгоҳи Алмато хабар дод, ки дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 узви ҳайати халабонҳо буданд.

То ҳол мақомоти Қазоқистон марги 15 нафарро тасдиқ карда, даҳҳо нафари дигар дар беморхона бистарӣ мебошанд.