Гузориши шаҳрдории Душанбе аз ифтитоҳи биноҳои “Манзили дастрас”

Шаҳрдории Душанбе гузориш дод, ки маҷмааи биноҳои баландошёнаи истиқоматии "Манзили дастрас", воқеъ дар хиёбони Сино, дар шафати Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев мавриди истифода қарор дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи шаҳрдорӣ, сохтмони иншооти мазкур ҳанӯз соли 2013-ум оғоз гардида, вале бо сабабҳои гуногун кашол ёфт. Манбаъ таъкид кардааст, ки шурӯъ аз моҳи апрели соли 2018-ум бо ташаббуси раиси Душанбе, Рустами Эмомалӣ корҳои сохтмонӣ аз нав вусъати тоза пайдо намуд.

Рӯбарӯ бо Рустами Эмомалӣ: хонагирии 850 мизоҷи саргардон ва тақдири "Манзили дастрас"

Шаҳрдорӣ иттилоъ додаст, ки дар ин ҷо аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Сохтмони манзили дастрас” бунёди 7 бинои 16 ошёна, 2 бинои  18-ошёна ва як бинои 20-ошёна дар муддати начандон тулонӣ бо сифати баланд ба анҷом расонда шуд.

Корҳои сохтмониро дар иншоот бинокорони 10 ширкат -  “Нури Шамс”, “Иқлими соф”, “Саймо”, “Фарзин-7”, “Агротехстрой”, “Ҳоҷӣ Ёқуб” ва дигарон дар асоси нишондодҳои лоиҳа бо истифода аз масолеҳи баландсифат марҳила ба марҳила иҷро намуданд.

Манбаъ афзудааст, ки дар 10 бинои навбунёд 850 оилаи касбу кори гуногун соҳиби манзилҳои зисти замонавию барҳаво гардиданд.

Замони шӯравӣ мепурсиданд аз куҷо ёфтӣ, ҳозир созед! маслиҳатҳои хонасозии Раҳмон-видео

“Аз ин шумора 470-адади онро манзилҳои якҳуҷрагӣ ташкил медиҳад, ки ба 55,5 дарсади шумораи умумии хонаҳо рост меояд. Боқимонда аз 318 манзили дуҳуҷрагӣ, 51-манзили сеҳуҷрагӣ ва 8 манзили чорҳуҷрагӣ иборат аст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар маҷмаа боғчаи кӯдакона, таваққуфгоҳи зеризаминӣ ва рӯизаминӣ бунёд гардида, масоҳати умумии майдони сохтмон ва корҳои ободонии гирду атроф  бештар аз 2 гектарро ташкил медиҳад.

Ба иттилои шаҳрдорӣ дар доираи лоиҳа инчунин 3 майдончаи бозии кӯдакон ва ҷойи истироҳати калонсолон, масоҳатҳои кабудизоршуда дар саҳни ҳавлӣ ва гирду атрофи биноҳо бунёд шудаанд.