Соҳибкори бадахшонӣ иллати рушд накардани сайёҳӣ дар вилоятро шарҳ дод

Сару садоҳо дар мавриди "террористон" дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сайёҳонро метарсонад ва онҳо ба ин минтақаи созгор барои сайёҳат кам таваҷҷӯҳ мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Сайёҳони хориҷӣ ҳамоно вилояти Бадахшони Тоҷикистонро бинобар ҳаммарз будан бо Ҷумҳурии Афғонистон хатарзо меҳисобанд ва аз сафар ба ин минтақаи созгор барои сайёҳат худдорӣ мекунанд.

Ноамн нагӯед: Ёдгор Файзов норозигияшро аз эълони Ҳукумати Бритониё ба сафир гуфт

Агар чӣ теъдоди ҳамалоти террористӣ дар панҷ соли ахир ба фарқ аз Фаронса - машҳуртани кишвари сайёҳӣ кам андар кам аст, вале ба иллати номаълум, сайёҳон ҳамоно барои озими ин минтақа шудан эҳсоси тарс мекунанд.

Зимнан, як соҳибкори бадахшонӣ Раҳимбек Рашидбеков  дар конфронси лоиҳаи "Бизнес Евразия" - и Маркази иттилоотию таҳлилии Донишгоҳи давлатии Маскав мегӯяд, бо вуҷуди маъруфияти Помир ҳамчун як макони сайёҳии экзотикӣ, сайёҳони хориҷӣ то ҳол аз сафар ба ин манотиқ метарсанд.

Дар Данғара хатсайрҳои нави сайёҳӣ боз гардиданд

Рашидбеков ин вазъро як навъ таблиғ ҳисоб мекунад, ки барқасдона гурӯҳҳои манфиатҷӯй сайёҳонро ба ҳаргуна "ҳамалоту террористон" метарсонанд. Вале дар асл, Бадахшон ягон ҷойи хавфу хатар надорад, мегӯяд ӯ.

"Ягона мушкили аслие, ки метавонад сайёҳонро нороҳат кунад, ин роҳҳои ноҳамвору тӯлонӣ  ва душворгузар мебошад, ки на ҳар кас  пас сар кардани ин роҳро таҳаммул мекунад", - гуфт Рашидбеков.

Қаблан раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов, ба намояндагони соҳаи гардишгарӣ ва раисони навоҳии ин вилоят гуфта буд, ки бояд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ ба вилоят, тамоми кӯшиши худро ба харҷ диҳанд.

Файзов таъмини бехатарии гардишгарон, фароҳам кардани шароит дар меҳмонхонаҳо ва омода кардани роҳбаладони забондонро аз шартҳои аслии ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба ВМКБ ном бурд.

Миннатдории Файзов аз гардишгарони хориҷӣ барои кӯмак ба мардуми Бартанг

Дар ин росто ба масъулини соҳаи сайёҳӣ дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон супориш доданд, ки сомонаи сайёҳии вилоят бо забонҳои русиву англисӣ кушода шавад ва ҷойҳои таърихии вилоятро дар шабакаҳои интернетӣ ташвиқу тарғиб намоянд.