Раисҷумҳур: нақби “Истиқлол” ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест

Президенти Тоҷикистон таъкид намуд, ки бо вуҷуди он ки нақби “Истиқлол” чандин сол фаъолият дорад, ҳанӯз ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ нест ва бояд навсозӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз зимни суханрониаш дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки барои навсозии нақби “Истиқлол” 10 миллион доллар равона шудааст.

Эрон: нақби “Истиқлол” тавассути муҳандисони эронӣ такмил мешавад

Ба гуфтаи вай, дар нақби “Истиқлол” бояд системаи ҳавокашӣ, равшанидиҳӣ аз нав такмил дода шавад ва роҳи дохили нақб пурра таъмир карда шавад.

Эмомалӣ раҳмон ҳамзамон ба бунёди толорҳои зиддитарма дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ишора кард.

“Бояд ҳарчӣ зудтар чунин толорҳо дар имтидоди ин шоҳроҳ бунёд гардад” – гуфт раисҷумҳури Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки бояд бехатарӣ дар роҳ таъмин шавад, чунки  дар ин роҳ фалокатҳои зиёд бинобар тармафароӣ рух медиҳад.

ёдрас мешавем, ки ахиран мақомоти Эрон эълон кард, ки муҳандисони эронӣ нақби "Истиқлол" (Анзоб)-и Тоҷикистонро такмил хоҳанд кард. 

Мақомоти эронӣ афзудааст, нақби панҷкилометрии “Истиқлол”-и Тоҷикистон тавассути муҳандисони эронӣ сохта шуда ва бархе қисматҳои он нотамом боқимонда буд, ки дар тавофуқе, ки дар рӯзҳои ахир байни ду кишвар сурат гирифт муқаррар шуд, Эрон нисбат ба такмили рӯшноиҳои ин нақб иқдоми лозимро ба амал оварад.

Нақби “Истиқлол”, ки маркази Тоҷикистонро бо шимоли он пайванд медиҳад, ба сарфи ҳазинаи 60 миллиондолларӣ, тавассути Эрон ва дар муддат се сол сохта шуд.