Мансабдорону ҳизбҳо зӯрӣ накунанд: Раҳмон гуфт, интихоботи 2020 бояд чигуна гузарад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар паёми солонааш ба парлумон аз интихоботи соли 2020 зикр карда, дар бораи шеваи кори номзадҳо, аҳзоби сиёсӣ, мансабдорон ва мақомоти маҳаллӣ изҳори назар кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Раҳмон ба демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани интихобот таъкид карда, аз мардум даъват намуд, ки бо дарки баланди масъулият намояндагони арзандаи худро барои ояндаи давлату миллат интихоб намоянд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар интихоботи оянда теъдоди намояндаҳои мардумӣ аз ҳисоби занон бештар хоҳад шуд.

Эълони натиҷаҳо: Абдуллоҳ аз Ғанӣ 11 дарсад камтар овоз гирифтаст

“Мо хуб медонем, ки нооромиву бесарусомониҳо, ба гурӯҳҳои муқобил ҷудо шудани шаҳрвандони кишвар ва ихтилофоти шадид дар ҷомеа аз интихоботи президентии соли 1991 оғоз шуд ва оқибат боиси сар задани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардид”, - хотиррасон кард ӯ.

Раисиҷумҳур афзуд, интихоботи навбатии вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рӯзи 1 марти соли 2020 таъин шуд.

“Ҳеҷ як ҳизбу созмон ё шахси мансабдор ҳақ надорад, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро вайрон карда, иродаи худро ба интихобкунандагон зӯран ё бо роҳҳои дигар таҳмил намояд. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон корро бояд тавре ташкил намояд, ки шаҳрвандон дар ин маъракаи сиёсӣ бо масъулияти баланд иштирок кунанд”, - зарур хонд Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муваззаф кард, ки дар доираи талаботи қонун ба комиссияҳои интихоботӣ шароити мусоиди корӣ фароҳам оранд.

Истеъфои Олимҷон Бобоев аз мақоми раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон

“Таъкид менамоям, ки дахолат ба фаъолияти комиссияҳои интихоботӣ манъ аст ва сохтору мақомоти марбута дар ин ҷараён бояд танҳо вазифаҳои тибқи қонун ба зиммаашон гузошташударо иҷро кунанд”, - изҳор дошт Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва шаҳрвандон даъват кард, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда талош кунанд, то ки ин чорабинӣ ба таҳкими боз ҳам бештари ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва густариши демократия дар кишвари соҳибистиқлол мусоидат намояд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва комиссияҳои интихоботӣ дар маҳалҳо уҳдадор шуданд, ки шахсияти номзадҳои пешбаришударо ҳаматарафа санҷида, талаботи қонунгузориро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд.

Баҳои мусбати нозирони ИДМ ба интихоботи Узбакистон

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба мақомоти намояндагӣ, аз ҷумла ба парламенти кишвар бояд шахсони донишманду соҳибмаърифат, ботаҷрибаву обрӯманд ва ватандӯсту поквиҷдон пешниҳод ва интихоб шаванд.