“Ҷоми Президенти Тоҷикистон” доир ба теннис ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ ворид шуд

Ахиран дар пойтахти Бритониё Федератсияи байналмилалии теннис қароре қабул кард, ки тибқи он “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” доир ба теннис ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ ворид карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Санаи 23 декабр дар шаҳри Лондон тибқи қарори Федератсияи байналмилалии теннис Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” ба рӯйхати бозиҳои байналмилалӣ оид ба теннис ворид карда шуд.

Дар Душанбе ду мусобиқаи байнулмилалӣ доир ба теннис баргузор мегардад

Дар ин бора котиби матбуоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Точикистон Каримҷон Салимзода хабар дод.

Бино бар иттилои манбаъ, соли 2020 дар Мусобиқаи байналмилалии теннис барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон”  намояндагони беш аз 30 давлати дунё иштирок менамоянд.

“Ба рӯйхати мусобиқаҳои байналмилалӣ ворид намудани мусобиқаи мазкур шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон тавонист варзиши тоҷикро ба ҷаҳониён муарррифӣ намуда, барои варзишгарони тоҷик шароити созгор ва инфрасохтори зарурӣ фароҳам оварад”, - таъкид доштааст Каримҷон Салимзода.

Бояд қайд кард, ки аз 19 марти соли 2005  инҷониб ҳамасола 23 — 27 август дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти “Ҷоми Президенти Тоҷикистон” баргузор мешавад.