ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи нуҳуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум таъкид дошт, ки барномаи президентии 7 соли пеш иҷро шуд.
Ба гуфтаи вай дар ҳафт соли ахир рушди иқтисодиёти кишвар, ҳама сола ба ҳисоби миёна дар сатҳи ҳафт дарсад таъмин гардида, ММД аз 45,6 миллиард сомонӣ соли 2013 ба 76 миллиард дар соли 2019 афзоиш ёфт.
“Дар ин давра ҳаҷми умумии буҷети кишвар қариб ду баробар афзуда 12 миллиард сомонӣ соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ дар соли 2019 баробар шуд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин, вай зикр кард, ки дар солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду барорбар ва музди миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Бақияи пасандозҳо дар нгизоми бонкиии кишвар дар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда дар 7 соли ахир 45 дарсад зиёд гардид.
Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи камбизоати ва маргу мири кӯдакон низ ёдрас шуд. Вай гуфт сатҳи камбизоати дар кишвар дар 7 соли ахир ба 25,7 дарсад кам шуда дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафтааст.
“Ҳамзамон тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар аз ҷумла фавти кӯдакони сини то 5 сола 3,2 баробар кам шудааст”, - афзуд раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон ёдрас шуд, ки дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 қариб ба 9,5 миллион нафар расида беш аз 70 дарсад афзудааст
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури кишвар қайд кард, ки саҳми бахши хусуси дар ММД соли 2013 ҳамагӣ 54 дарсадро ташкил медод ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 дарсад расонида шуд.