Муҳаммадтақии Собирӣ: ҳеҷ маҳудият барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вуҷуд надорад

Сафири Эрон дар Тоҷикистон равобити иқтисодии Теҳрон ва Душанберо мукаммили ҳам хонд ва гуфт, ҳеҷ маҳдудияте барои густариши равобити ду кишвар вуҷуд надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳошияи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон афзуд, ҳеҷ маҳудияте барои густариши равобити байни Эрон ва Тоҷикистон вуҷуд надорад, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Боздиди Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк" аз намоишгоҳи ихтисосии Эрон дар Душанбе

Сафири Эрон дар Тоҷикисон бо ишора ба иштирокоти байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф тасреҳ кард: Ҷумҳурии исломии Эрон омодагӣ дорад дар ҳамаи заминаҳо бо Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад.

Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Утоқи бозаргонии Тоҷикистон низ дар ҳошияи намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ, фурсати баргузории намоишгоҳро барои тавсиаи тиҷорат ва фароҳам шудани фазои гуфтугӯи фаъолони иқтисодии ду кишвар ба манзури афзоиши ҳаҷми ҳамкориҳои судманди ду тараф бисёр муҳим ва арзишманд арзёбӣ кард.

Намоишгоҳи тахассусии колоҳои эронӣ бо ширкати беш аз 50 ширкати эронӣ дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.