Мушкилоти ҳамлу нақл миёни Эрону Тоҷикистон бартараф хоҳад шуд

Мушкили ҳамлу нақли роҳи оҳан ва мошинҳои боркаш, байни Эрон ва Тоҷикистон ба зудди бартараф хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Устондори Хуросони Разавӣ таъкид кардааст, ки бар асоси ваъдаи тарафи тоҷикистонӣ, мушкили ҳамлу нақли роҳи оҳан ва ҳамлу нақли мошинҳои боркаш байни ду кишвар ба зудди бартараф мешавад, иттилоъ додааст хабаргузории "Parstoday".

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии вазорати кишвари Эрон, Алиризо Размҳусайнӣ дар дидори тоҷирон ва бозаргонони эронии ширкаткунанда  дар намоишгоҳи ихтисосии Эрон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, бо ишора ба зарфиятҳои мавҷуд барои тавсеаи равобит бо Тоҷикистон изҳор кард, дар музокирот бо масъулони Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти мубодилоти тиҷорӣ, интиқоли пул, стандарти коло, пазириши суфоришҳои тиҷорӣ ва ақломи хӯрокӣ, гуфтугӯ ва тавофуқоти хубе анҷом гирифт.

Ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар Теҳрон сар шуд

 Вай дар хусуси музокироти анҷом гирифта бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон гуфт, бар асоси ваъдаи тарафи муқобил, мушкили ҳамлу нақли рейлӣ ва ҳамлу нақли мошинҳои байни ду кишвар ба зудди бартараф мешавад.

Устондори Хуросони Разавӣ бо ишора ба мушкили сабти ширкатҳои эронӣ дар Тоҷикистон таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба инки рӯйкарди мо ба Шарқ бояд тақвият шавад, таъкид дорем, ки ҳар гуна фаъолияти иқтисодӣ бо сабти ширкат ва бар асоси навъи фаъолият анҷом гирад, талош мекунем мушкили судури виза дар Машҳадро ҳам бо кумаки вазорати хориҷаи кишварамон ҳал кунем ва ба зуддӣ имкони сабти визаҳои электронӣ низ фароҳам шавад.

Устондори Хуросони Разавӣ бо ишора ба нақши таъсиргузори Остони Қудси Разавӣ дар тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ бо кишвари Тоҷикистон афзуд: “ҳасби таъкидоти мақоми муаззами раҳбарӣ, фаъолиятҳои иқтисодии Остони Қудси Разавӣ ба унвони яке аз муҳиммтарин зарфиятҳои тавсеаӣ дар ин бахш, иншоаллоҳ ба зудди баракоти арзишмандеро дар мубодилоти тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ насиби кишварамон хоҳад кард”.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар шаҳри Душанбе ҳам дар идомаи ин дидор гуфт бо тамоми тавон барои рафъи мушкилоти тиҷорӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ дар хидмати бахши хусусӣ хоҳем буд.