ДУШАНБЕ, 24 дек — Sputnik. Ин суруди нави Фараҳмандро дар шабакаи Ютуб, гурӯҳи Ozarakhsh & Farzona ба нашр расонидааст. Матни суруд аз ҷониби шоир Толиб Озарахш, ки гуфта мешавад амаки овозхон аст, иншо шудааст.
Барои сапти ин суруди тозааш, овозхон аз тасвирҳое истифода кардааст, ки шароити муҳоҷиронро ифода мекунанд.
Мушкили дарёфти ҷои кор дар муҳоҷират, иҷрои корҳои сангини зери ҳавои сард дар сохтмонҳо, шароити нобаробари кору макони зист аз ҷумлаи сахтиҳои шароити ғарибӣ будаанд, ки ин ҳама дар иҷрои ин суруд инъикос ёфтаанд.
Дар мулки ғарибӣ рӯзон чӣ сиёҳанд,
Рӯзони ғарибон ҳама дарду ҳама оҳанд........
Дар мулки ғарибӣ шабҳо чӣ дарозанд,
Шабҳои ғарибон пури ранҷу пури розанд...
Ёрон, ёрон, мусофирӣ осон нест,
Бо бешу камаш баробарӣ осон нест.
Як бурдаи нон ба қимати ҷон ояд,
Ҷонро наниҳода нонбарӣ осон нест.....
Ман ёди диёр кардаам, модарҷон,
Ёди рухи ёр кардаам, модарҷон.
Монанди парандае, ки гарде ҷӯяд,
Оҳанги баҳор кардаам, модарҷон..
Дар мулки ғарибӣ рӯзон чӣ сиёҳанд,
Рӯзони ғарибон ҳама дарду ҳама оҳанд........
Дар мулки ғарибӣ шабҳо чӣ дарозанд,
Шабҳои ғарибон пури ранҷу пури розанд...
Баробари пош хурдани давлати шӯравӣ, сохти сиёсиву иқтисодӣ барои ҳамаи кишварҳои ҳамёни ин иттиҳоддавлат дигар шуд ва адами шароит зарурати муҳоҷиршавии шаҳрвандон барои аксар давлатҳои Осиёи Миёна ба вуҷуд омад ва ҳоло ҳам ин раванд ҳамчунон идома дорад. Ҳоло акнун наздик ба се даҳсола аст, ки як бахши аъзами аҳолии давлатҳои ин сарзамин таъмини хонаводагии худро, умдатан аз роҳи кору заҳмати муҳоҷират дарёфт мекунанд.
Бино ба маълумотҳои оморӣ, аксар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна муҳоҷират дар Русияро интихоб кардаанд. Аз ҷумла шаҳрвандони кишвари Тоҷикистон, ки шумори онҳо садҳо ҳазор арзёбӣ мешавад.
Ин аст, ки аксар овозхонҳо то ин дам низ борҳо намоҳангу сурудаҳои худро ба ин мавзӯъ бахшида ва муҳоҷиронро ноноварону бахтоварони хонаводаҳо тавсиф кардаанд.