Арчаи солинавии Душанбе ба даҳгонаи беҳтарин арчаҳои ИДМ шомил шуд

Арчаи асосии солинавии Русия дар майдони Кремл бо баландии 27 метр ягона арчаи солинавии ҳақиқии сарсабз дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мебошад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Арчаи сабзу зебое, ки бо 6 ҳазор бозича ва 85 ҳазор ороишот дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе зеб дода шудааст, ба рейтинги даҳгонаи баландтарин ва асоситарин арчаҳои солинавии пойтахтҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил шуд.

Арчаи бошукӯҳи Соли навӣ: Душанбе ба пешвози соли 2020 омода аст - навор

Баландии арчаи асосии солинавии Тоҷикистон 29 метрро ташкил медиҳад.

Рейтингро коршиносони портали сайёҳии "ТурСтат" тартиб додаанд.

Ба даҳгонаи аввали баландтарин арчаи солинавии ИДМ арчаҳои шаҳрҳои Ишқобод (40 метр), Ереван (37 м), Тошканд (36 м), Боку (34 м), Минск (30 м), Душанбе (29 м), Маскав ( 27 м), Бишкек (27 м), Нур-Султон (25 м) ва Кишинёв (20 м) шомил шудаанд.

"Раддабандӣ аз рӯи натиҷаи омӯзиши баландии арчаҳои асосии солинавӣ дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ тартиб дода шудааст",-хабар медиҳад "ТурСтат".

Арчаи асосии солинавии Русия дар майдони назди Кремл бо баландии 27 метр ягона арчаи солинавии ҳақиқии сарсабз дар пойтахтҳои кишварҳои ИДМ мебошад.