500 миллион: Узбакистон мехоҳад ба Чобаҳор пайваст шавад

Узбакистон мехоҳад шаҳрҳои Мазори Шариф ва Ҳироти Афғонистонро бо як роҳи оҳани тақрибан 650 километра васл кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. “Экономик таймс”, як нашрияи бонуфузи ҳиндӣ дар шарҳи ин хабар навиштааст, ки и роҳи оҳан баъдан ба Кобул низ тамдид шуда, ин тарҳи бузург тавассути раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ва ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ тайид шудааст.

Афғонистон пештар аз Тоҷикистон аз имкониятҳои бандари Чобаҳор истифода кард

Созишномаи сохтмони роҳи оҳани Мазори Шариф – Ҳирот моҳи декабри соли 2017 ҳангоми сафари раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва мулоқоташ бо ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев дар Тошканд ба имзо расида буд. Узбакистон сохтмон ва Афғонистон ҷалби сармояро ба зимма гирифтанд.

“Ҳинд мутааҳҳид ба сохтани роҳи оҳан аз Чобаҳор то Зоҳидон дар марзи Эрону Афғонистон ва раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев муштоқи пайвастан ба тавофуқномаи тиҷоратии транзит аст, ки тавассути Ҳинд, Афғонистон ва Эрон имзо шудааст”, - менависад “Экономик таймс”.

 Созишномаи тиҷоратӣ миёни Афғонистон, Ҳинд ва Эрон барои тавсеаи бандари Чобаҳор моҳи майи соли 2016 ба имзо расида буд. Ҳинд тавофуқ кардааст, ки барои ин бандар дар Эрон 150 миллион доллар сармоягузорӣ кунад.

Амрико ба ин далел, ки тарҳи тавсеаи бандари Чобаҳор ва роҳҳои оҳан ба он ба нафъи Афғонистон тамом мешаванд, онро аз таҳримҳои зиддиэронӣ озод кард.

Ҳинд бандари Чобаҳори Эронро фурсате барои дастёбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон ба “обҳои гарм” – и Уқёнуси Ҳинд ва ҳамчунон дур задани рақиби сарсахташ Покистон аз бозорҳои ин кишварҳо арзёбӣ мекунад. Бино ба иттилои нашрияи ҳиндӣ, Узбакистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ хоҳад буд, ки ба ин тарҳи бузург мепайвандад.

Тоҷикистону Эрон дар мавриди истифодаи имкониятҳои бандари Чобаҳор табодули назар карданд

“Экономик таймс” менависад, раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев моил аст, ки Ҳинд ба тарҳи роҳи оҳани Мазори Шариф - Ҳирот дар Афғонистон бипайвандад, то ин кишвари муҳосирашударо бо Авруосиёву Эрон васл кунад. “Баррасиҳои аввалия барои ин тарҳ анҷом шудааст. Манобеъ гуфтанд: "Узбакистон аз ҳузури бештар Ҳинд дар Осиёи Миёна ҳимоят мекунад, ки ба Афғонистон низ кумак хоҳад кард", - менависад нашрияи бонуфузи ҳиндӣ ва аз қавли манобеъи худ дар Тошканд меафзояд, Ҳинд собиқа ва таҷрибаи анҷоми тарҳҳо дар Афғонистонро собит кардааст ва Ӯзбакистон алоқа ба боз кардани масирҳои тиҷорӣ ва иртиботӣ то роҳи Уқёнуси Ҳиндро дорад”.

Ширкати “Узбакистон темир йуллари” – и Узбакистон ҳанӯз соли 2010 бо 165 миллион доллар сармоягузории Бонки осиёии рушд роҳи оҳани 75 - километрии Ҳайратон - Мазори Шариф дар Афғонистон бо зарфияти солона 9 миллион тон ба истифода дода буд.

Моҳи сентябри соли равон нахустин бор содироти транзитии Афғонистон аз тариқи Узбакистон ва Қазоқистон аз тариқи ин хати роҳи оҳан анҷом гирифт. Мавриди зикр аст, ки содироти 22 000 тон ҷалғӯзаи Афғонистон ба Чин тариқи тайёра дар гузашта 73 000 доллар арзиш дошт ва ҳоло ин ҳаҷми содирот тариқи роҳи оҳан 4 000 доллар тамом мешавад. Эрон пас аз суқути режими Толибон соли 2008 хати роҳи оҳани Хуф (Эрон) - Ҳирот (Афганистан) – ро 100% аз ҳисоби худ сохт.

Роҳи оҳани Мазори Шариф – Ҳирот Узбакистонро бо Эрон тариқи Афғонистон мепайвандад.

Чобаҳор - “дарвозаи тиллоӣ” - и Тоҷикистон ба уқёнуси Ҳинд

Соли 2007, замоне, ки равобити Тоҷикистону Узбакистон дар ҳоли сардӣ буд, Душанбе эълом дошта буд, ки бо эҳдоми хати роҳи оҳани Колхозобод – Панҷи Поён (Тоҷикистон) - Кундуз – Мазори Шариф - Ҳирот (Афғонистон) бо Машҳад (Эрон) васл хоҳад шуд. Ҳоло ки равобити ду кишвари ҳамсоя беҳбуд ёфтааст, маълум нест, ки Тоҷикистон кадом масирро интихоб хоҳад кард.

“Экономик таймс” менависад, дар тарҳи роҳи оҳани Мазори Шариф - Ҳирот то кунун Ӯзбакистон 500 миллион доллар тааҳҳуд кардааст ва он барои Ҳинд метавонад пас аз сохтмони шоҳроҳи Заранҷ - Дилором дар Афғонистон ва бандари Шаҳид Биҳиштӣ дар Чобаҳори Эрон, яке дигар аз тарҳҳои бузурги иртиботии минтақаӣ барои Ҳинд табдил шавад.

“Ҳафтаи гузашта Ҳинд тасмим гирифт бандарҳои бештареро дар Чобаҳор боз кунад ва мавзӯъи иртибот бо Чобаҳор яке аз нуктаҳои баҳсу гуфтугӯи сафари вазири хориҷаи Ҳинд ба Теҳрон дар рӯзҳои якшанбе ва душанбе хоҳад буд”, - навиштааст ин нашрияи бонуфузи ҳиндӣ.

Субраҳманям Ҷайшанкар, вазири корҳои хориҷии Ҳинд ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи 19 – уми ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Ҳинд бо як сафари дурӯза дар Теҳрон қарор дорад, ки мавзӯи аслиаш тавсиаи бандари Чобаҳор аст.