Шанбеву якшанбе ҳам кор: Бонки миллӣ аз тамдиди рӯзҳои кории ташкилотҳои қарзӣ эълон кард

Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъолият хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Масъулини Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудаанд, ки то охири моҳи декабри соли равон филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар ҷумҳурӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъолият хоҳанд кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Бонк.

“Western Union” ҳам ба кор даромад: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон боз ҳам осонтар мешавад?

Манбаъ қайд намудааст, ки ин иқдом бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини фаъолияти босуботи низоми бонкӣ ва сари вақт гирифтани интиқолҳои пулӣ сурат гирифтааст.

“Ташкилотҳои қарзиро зарур аст, дар сарбонк ва муассисаҳои зертобеашон (филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ), ки дар маркази шаҳру ноҳияҳо, гирду атрофи бозорҳо, марказҳои савдо ва ҷойҳои сераҳолӣ ҷойгиранд, то охири моҳи декабри соли 2019-ро рӯзҳои шанбе ва якшанбе рӯзҳои корӣ эълон намуда, ба кор баромадани кормандони бо анҷомдиҳии амалиёти интиқолӣ ва мубодилавӣ машғулбуда ва хазинадоронро,таъмин намоянд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз 3 декабри соли равон Маркази миллии пардозиш (протсессинг) минҳайси танзимгари миллии интиқоли пардохтҳои пулӣ аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард, ки мӯҷиби овозаву сарусадоҳо ва нигарониву сарсониҳои зиёди муштариёни бонкҳои кишвар шуд.