ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон, дар 11 моҳи соли равон аз ҳисоби андоз ба буҷет 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.
Манбаъ қайд намудааст, ки вилояти Хатлон нақшаи қисми даромади буҷет бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100 фоиз таъмин шудааст.
“Ин нишондиҳанда нисбати нақша 427 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонӣ зиёд мебошад”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қарзи андоз дар вилояти Хатлон ба беш аз 176 миллион сомонӣ расид
Мақомоти вилояти Хатлон зикр намудааст, ки дар ин раванд саҳми мақомоти вилоят ва сохторҳои дахлдори иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Норак, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ ва Носири Хусрав назаррас аст.
Ҳамзамон манбаъ таъкид доштаааст, ки иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои зикргардида имкон хоҳад дод, маблағҳои барзиёдро ба корҳои ободонии маҳал равона намоянд.
Инчунин манбаъ афзудаааст, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои назоратӣ, азнавбаҳисобгирии субъектҳои андозсупор ва дарёфти манбаъҳои дигари андозситонӣ, дар давраи ҳисоботӣ ба буҷети маҳаллии шаҳру ноҳияҳо 3,7 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.
“Дар давраи ҳисоботӣ 2767 адад қарорҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ қабул шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 72,4 миллион сомонӣ ворид гардид”, - қайд кардааст мақомоти вилояти Хатлон.
Дар ҳамин ҳол, бақияпулиҳои андоз 173,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2019 ба андозаи 9,3 миллион сомонӣ кам карда шуд.