Боздошти ҷавони 16-сола барои рабудани мошини мӯйсафеди 75-сола

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти писарбачаи 16-сола, ки дар рабудани мошини мӯйсафеди 75-сола гумонбар дониста мешавад, хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 дек — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар пойтахти кишвар писарбачаи 16-сола барои рабудани мошини марди 75-сола боздошт шуд.

Дар шаҳри Ваҳдат навраси 17 - сола ба рабудани автомашина гумонбар дониста мешавад

Тавре манбаъ қайд намудааст, мӯйсафеди 75-сола сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки санаи 19-уми декабри соли равон шахсони номаълум автомашинаи шахсиаш “Дэу Некси”-ро, ки дар кӯчаи Фирдавсии пойтахт беназорат меистод, рабуданд.

Масъулини вазорати корҳои дохила таъкид доштанд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Кӯлоб боздошт шудааст.

Вай дар рабудани мошини мӯйсафеди 75-сола гумонбар дониста мешавад.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи пойтахт аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.