Тағйироти кадрӣ дар ҳайати мушовараи мақомоти андоз ва 2 кумитаи дигар

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарорҳои Ҳукумат дар ҳайати мушовараи се кумитаи ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ ворид кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Бар асоси қарори Ҳукумат,  Носирзода Ҷамшед Сайфуддин, Давлатшозода Бобошо Давлатшо ва  Ализода Азам Навруз ба ҳайси аъзои ҳайати мушовараи Кумитаи амнияти озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуданд.

Охирин паёми Раҳмон ба парлумони феълӣ: аз қарори Убайдуллоев то раиси оянда

Инчунин ҳайати нави аъзои мушовараи Кумитаи андози Тоҷикистон ба тасвиб расид.

Исмоилзода Хуршед Исмоил аз ҳайати мушовараи Кумитаи андози Тоҷикистон хориҷ шуда, Саидаҳтам Халифазода ва Зубайдуллозода Баҳром Зубайдулло ба узвияти мушовараи мақомоти андоз пазируфта шуданд, таъкид шудаст дар қарори Ҳукумат.

Дар баробари ин Мирзо Назар узви ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин шуд. Мирзо Назар дар ин ҳайат Мастибек Қубодзодаро иваз кард.

Ҳайатҳои мушовараи идораҳои давлатии Тоҷикистон бурду бохти бахшҳои дахлдорашонро баррасӣ карда, дар мавриди дурнамои фаъолияти ниҳодашон қарорҳо қабул мекунанд.