Нақшаи даромади буҷаи Хатлон 100 дарсад иҷро шуд

Нақшаи қисми даромади буҷаи вилояти Хатлон дар 11 моҳи соли равон 100 фоиз таъмин шуда, ба буҷа 1 миллиарду 327 миллион сомонӣ ворид гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 дек — Sputnik. Ин нишондиҳанда нисбати нақша 427 ҳазор сомонӣ ва дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 126 миллион сомонӣ зиёд мебошад, хабар додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон.

“Қасдан андоз намесупоранд”: мақомоти қудратӣ даст ба кор мешаванд

Манбаъ афзуд, дар ғанигардонии қисми даромади буҷети вилоят саҳми мақомоти шаҳру ноҳияҳои Данғара, Норак, Балҷувон, Ш.Шоҳин, Темурмалик, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ ва Носири Хусрав боиси қайд буда, иҷрои барзиёди қисми даромади буҷет дар шаҳру ноҳияҳои  болозикр имкон дод, ки маблағҳои барзиёдӣ ба корҳои ободонии маҳал равона карда шаванд.  

“Дар давраи ҳисоботӣ 2 ҳазору 767 адад қарорҳои таъсиррасонӣ ва маҷбуран ситонидани қарзи андоз ба маблағи 99,6 миллион сомонӣ қабул шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 72,4 миллион сомонӣ ворид гардид”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки бақияпулиҳои андоз 173,9 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба аввали соли 2019 ба андозаи 9,3 миллион сомонӣ кам карда шуд.