Узбакистон кишвари сол эълон гардид

Маҷаллаи бритониёии "The Economist" Узбакистонро кишвари сол номидааст. Нашрия таъкид намудааст, ки Узбакистонро ҳанӯз барои рушд роҳи тӯлониеро тай намудан зарур меояд, аммо соли 2019 ҳеҷ давлат ин қадар пеш нарафтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек - Sputnik. Ҳамасола  моҳи декабр маҷалла унвони  "мамлакати сол"-ро ба давлате  медиҳад, ки тӯли сол  пешрафт  нишон додааст. Соли гузашта Арманистон ғолиби дониста  шуда буд.

Дар мақола омадааст, ки танҳо се сол пеш, Ӯзбекистон як кишвари қадимии пасошӯравӣ буда, ҷомеаи пӯшида дошт.

Баҳои мусбати нозирони ИДМ ба интихоботи Узбакистон

Бо ба сари қудрат омадани  Шавкат Мирзиёев тағйироти куллӣ ба амал омад ва пешравиҳо зиёд шуданд. Соли 2018 сардори Хадамоти амният аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Мирзиёев ислоҳотро оғоз кард, ки ба туфайли он то андозае  меҳнати маҷбурӣ  қатъ  гардид. Ба рӯзноманигорони хориҷӣ иҷозати вуруд ба кишвар дода шуд  ва халал расонидани мансабдорон   ба тиҷорати хурд манъ  гардид.

Нашрия хотиррасон  шудааст, ки  дар Ӯзбекистон   пеш аз соли нав интихоботи парламентӣ  баргузор  мешавад.

«The Economist» инчунин муваффақиятҳои Македонияи Шимолӣ ва Судонро зикр намудааст.  Аз ҷумла, дар маҷалла омадааст, ки кишвари  аввал номашро моҳи феврали соли равон  иваз  намуд ва ба ин восита  муносибаташ  бо ҳамсояи наздиктаринаш —  Юнон беҳбудӣ  ёфт. Ғайр аз ин, Македонияи Шимолӣ дар  садади узвият ба НАТО қарор дорад.