ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Аз байн рафтани ин забонҳо дониш, расму оин ва анъанаҳои халқиятҳо гум мешавад. Дар ин бора 17 декабри соли равон раиси Иҷлосияи 74-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Тиҷани Муҳаммад-Банде иттилоъ дод, омадааст дар хадамоти матбуоти СММ.
Рӯзи 17 декабр дар Ассамблеяи генералии СММ натиҷаҳои Соли байналмилалии забонҳои маҳаллиро, ки соли 2019 эълон шудааст, ҷамъбаст намуданд. Тӯли 12 моҳ дар саросари ҷаҳон оид ба нигоҳдории забонҳои маҳаллӣ консертҳо, намоишгоҳҳо, форумҳо ва мубоҳисаҳо баргузор шуданд.
Дар ҷаҳон қариб 4 ҳазор забонҳои маҳаллӣ мавҷуданд. Бо баъзеи ин забонҳо якчанд нафар сухан мегӯянд. Тиҷани Муҳаммад-Банде ёдовар шуд, ки забонҳои аҳолӣ дар ҳувияти худшиносии фарҳангӣ ва сиёсӣ нақши муҳим доранд. Забонҳои маҳаллӣ барои зинда мондани тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд: онҳо дорои ҳикмати донишҳои анъанавии муҳити атроф ва иртиботи фарҳангӣ мебошанд. Аммо мумкин аст дар даҳсолаҳои наздик бархе аз забонҳо нопадид шаванд.
“Ҳар ду ҳафта ҳадди ақал як забони маҳаллӣ аз рӯи замин нопадид мегардад. Дар як моҳ- ду забони азбайнрафта”,-гуфт Тиҷани Муҳаммад-Банде.
Вай ёдовар шуд, ки ин даҳсола “Даҳсолаи забонҳои бумӣ” эълон шудааст ва даъват кард, ки барои нигоҳ доштани онҳо баҳри наслҳои оянда бояд ҳамаи тадбирҳо андешида шаванд.
Эъломияи СММ “Дар бораи ҳуқуқи халқҳои таҳҷоӣ”, ки соли 2007 қабул шудааст, ҳуқуқи мардуми маҳаллӣ барои рушди забон худ, эҳё ва истифодаи онро эътироф мекунад.Имрӯз ба гуфтаи раиси Иҷлосия, чаҳор ҳазор забони маҳаллӣ боқӣ мондаанд, ки танҳо шаш фоизи аҳолии ҷаҳон бо онҳо ҳарф мезананд.
"Бо нест шудани забонҳо қавмҳои таҳҷоӣ як қисми назарраси худро аз даст медиҳанд", -гуфт Тиҷани Муҳаммад-Банде.
Вай аз тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои ҳифзи забонҳо тадбирҳо андешанд.
Ситораи филми «Рома» Ялитса Апарисио низ бо чунин даъват сухан гуфт. Вай орзу дорад замоне фаро мерасад, ки волидон решаҳои авлодии худро фаромӯш намекунанд ва забони модарии худро аз кӯдакон пинҳон намедоранд.
Аксар вақт онҳо ин корро аз сабаби қолабҳои маъмул дар ҷомеа ва имкониятҳои маҳдуд дар бозори меҳнат мекунанд.
Ялитса Апарисио таъкид кард, ки ягон духтар ё писар набояд аз решаҳои авлодии худ шарм кунад, онҳо бояд бо забони модарии худ — забони халқҳои бумӣ сухан гӯянд, ки ин барои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам меорад.