Номаи сипоси сафири Куриё ба Рамазон Раҳимзода: барои наҷоти сайёҳ-акс

Сафири Куриё дар Тоҷикистон ба унвони вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон номаи сипос равон кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин сипоснома барои наҷоти шаҳрванди Куриё ирсол шудааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод, рӯзи 30 ноябри соли равон бо ёрии кормандони Шуъбаи милитсияи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии ВКД, сайёҳи хориҷӣ аз давлати Куриё, ки дар шоҳроҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба садама дучор шуда буд, ба беморхонаи шаҳри Кӯлоб дастрас гардида, ба табобат фаро гирифта шуд.

Номаи сипоси сафири Куриё ба Рамазон Раҳимзода: барои наҷоти сайёҳ-акс

Инчунин, кормандони Шуъбаи милитсияи сайёҳӣ 13 декабри соли равон сайёҳи мазкурро аз шифохонаи шаҳри Кӯлоб ба беморхонаи “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе интиқол доданд.

Қадрдонии Матвиенко аз кӯдаки 10-солаи тоҷик, ки дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Ҷарроҳии нуҷумшиноси куриёӣ пас аз садама дар роҳи ВМКБ - Душанбе

Пас аз муолиҷа кормандони Шуъбаи милитсияи сайёҳӣ дар якҷоягӣ бо Сафорати Куриё дар Тоҷикистон ба сайёҳи кореягӣ барои сафар ба ватанаш мусоидат намуда, ӯро то Фурудгоҳи байналмилалӣ роҳбаладӣ намуданд.
Бинобар ин, сафири Куриё дар Тоҷикистон ҷаноби Вуучул Ли бо кормандони Шуъбаи милитсияи сайёҳӣ дар меҳмонхонаи "Хилтон" вохӯрда, барои кӯмак ва таваҷҷуҳу ғамхорӣ нисбати шаҳрванди Куриё шахсан миннатдории худро ба онҳо изҳор намуд.

Ҳамчунин, ҷаноби Вуучул Ли тариқи номаи сипос ба вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, изҳори миннатдорӣ намуда, фаъолияти назаррас ва касбияти кормандони Шуъбаи милитсияи сайёҳиро таъкид намудааст.