Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи Афғонистон имрӯз ё фардо эълон мегардад

Камиссияи мустақили интихоботи Афғонистон эълом кард, ки натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар рӯзи шанбе ё фардо якшанбе эълом мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории Ово, камиссияи интихоботи Афғонистон рӯзи ҷумъа эълом кард,  пас аз бозшумории орои ҳафт вилоят , ин камиссия талош дорад натиҷаҳои ибтидоии интихоботи раёсати ҷумҳуриро рӯзи шанбе ё ниҳоятан якшанбе эълом кунад.

Ҳушдори Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба комиссияи интихоботи Афғонистон
Раванди бозшумории бархше аз орои интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз 9 ноябр дар 34 вилояти ин кишвар оғоз шуд аммо пас аз мухолифати бархе аз ситодҳои интихоботӣ, мутавақиф шуд.

Тақаллуб дар интихобот: эътирофи раиси Комиссияи интихоботии Афғонистон аз тақаллубкорӣ

Ин раванд бори дигар аз 17 ноябр аз сар гирифта шуд ва пас аз муддате дар 27 вилояти Афғонистон ба поён расид, аммо ҳомиёни ситоди Субот ва ҳамгароӣ ба раёсати Абдуллоҳ Абдуллоҳ, монеъи бозшумории оро дар ҳафт вилоят шуданд.

Камиссияи интихоботи Афғонистон, қарор буд натиҷаҳои ибтидоии раёсати ҷумҳурии ин кишварро  19 ноябр эълом кунад аммо ба далели мушкилоте борҳо ба таъвиқ афтодааст.